МАРДУМИ ЧИЛДУХТАРОН ҶӢ ЗИНДАГӢ ДОРАНД?

Июль 20, 2010 17:23

Кӯлоб,  20 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Ҷамоати Чилдухтарон 6-ҳазор аҳолӣ дорад, ки онҳо дар 47 деҳа зиндагӣ меқунанд. Дар 27 деҳаи ин он мактаби таҳсилоти ҳамагони вуҷуд надорад ва ҷавонону наврасони ин деҳот дар ҳеҷ куҷо таҳсил намеқунанд. Бобохон Сафаров, директори мактаби деҳаи Чилдухтарон мегӯяд, дар ҳақиқат вазъи таълим дар ин мавзеъ ба мушкил рӯ ба рӯст. Ба гуфтаи ӯ, аксари ҷавононе, ки наметавонанд дар мактаби миёнаву олӣ таҳсил кунанд, ба кишоварзию чорводорӣ машғуланд. Абдулхайр Олимбеков, раиси ҷамоати Чилдухтарон тамоми мушкилоти сокинони ин ноҳияро марбут ба роҳ медонад. Ба гуфтаи ӯ, сар аз моҳи ноябр то моҳи май роҳҳои хароби ин ноҳия комилан баста мешавад ва рафтуо ба маркази ноҳия қатъ мегардад. А. Олимбеков инчунин афзуд, “маҳз баста будани роҳҳост, ки мо бо бозор иртибот надорем. 1 кг себи тари мо 1 сомону 20 дирам нарх дорад, аммо мо онро наметавонем ба бозор барорем. Аз 8 кг себи тар аҳоли 1 кг меваи хушк ба даст меорад ва онро бо мушкилоти зиёд 1 сомонӣ мефурӯшад, яъне 8 баробар зарар мебинад. Ин ҳама ба мушкилоти роҳ вобастааст.”  

Июль 20, 2010 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид