МАРГИ ВЕЛОСИПЕДРОНИ НОБОЛИҒ
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Санаи 12 июли соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» — шаҳрванд Бобоев Фирдавс, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ҷамоати Д. Холматови вилояти Суғд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Сомгор-Хуҷанд қоидаи бехатарии роҳро риоя накарда, велосипедрони ноболиғ Қосимов Фаррухҷон, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ҷамоати Х. Усмони вилояти Суғд, хонандаи синфи 7 — ро зада аз пой меафтонад. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷа ноболиғ Қосимов Ф. аз гирифтани ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии вилояти Суғд ба ҳалокат меравад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






