МАРКАЗҲОИ НАВИ БУДУБОШИ МАЪЮБОН
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оила ва кӯдаки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар ҷумҳурӣ барои будубоши рӯзона ва нигоҳубини маъюбон ва калонсолон 4 маркази минтақавӣ ва 3 марказ барои кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд таъсис дода шудааст. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон барои 100 нафар касалиҳои беморони рӯҳӣ хона – интернат кушода шавад. Оид ба татбиқи чорабиниҳои зикршуда ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоию моддии маъюбону пиронсолон нақши вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ хеле калон аст. Дар ин самт мавқеи ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, кару гунг ва нобиноён, Шӯрои ветеранҳои ҷумҳурӣ низ назаррасанд. Ҳамкории вазорат бо ин ташкилотҳо хеле самарабаш ба роҳ монда шудааст. Қобили тазаккур аст, ки дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон» ҷамъиятҳои маъюбон бевосита иштирок намуданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






