МАШҒУЛИЯТИ АМАЛӢ БАРОИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН

Июль 2, 2010 09:03

Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз 21 июн то          2-юми  июли соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии мусоидат ба рушд ва такмили ихтисос «In Went»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар мавзӯи: «Консепсияи гузаронидан ва таъмини сифати курсҳои такмили ихтисос» машғулияти амалӣ   гузаронда шуд. Мақсад аз баргузории машғулияти амалӣ,  баланд бардоштани малакаҳои касбии омӯзгорони соҳаи таълими касбии калонсолон арзёбӣ гардид. Бо мақсади баргузор кардани машғулияти амалӣ тренери бомаҳорат доктор Ҳабибураҳмон Ҳабиб аз давлати Олмон даъват карда шуда буд. Дар кори баргузории машғулияти амалӣ зиёда аз 23 нафар омӯзгорон- мултипликаторон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок варзиданд. Бино ба гуфти мудири бахши таълими  калонсолони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломатшо Имроншоев ин ҳамкорӣ дар асоси Протоколи ҳусни тафоҳум байни вазорати мазкур  ва Маркази байналмилалии мусоидат ба рушд ва такмили ихтисос «In went»- и Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба роҳ монда шудааст.

Июль 2, 2010 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!