МАШОҲӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Июль 5, 2010 17:12

Душанбе, 5 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёри  Раҳим Машоҳӣ, ки  ҳамзамон раиси Шӯрои эрониёни хориҷ аз кишвар аст, 10 июл бо сафари корӣ ба Душанбе меояд. Исфандиёри Раҳим Машоҳӣ зимни сафари кории худ ба Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов мулоқот карда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодии ҳар ду кишварро баррасӣ менамояд. Назар ба иттилои масъули бахши равобит бо матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ,  дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Эрон ба Тоҷикистон тафоҳумнома дар мавриди таъсиси «Хонаи Эрон» дар Душанбе ба имзо расонида шавад. Ҳамзамон, дидору мулоқоти Исфандиёри Раҳим Машоҳӣ бо эрониёни муқими Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Июль 5, 2010 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд