МАШОӢ ХИШТИ НАХУСТИНИ «ХОНАИ ЭРОН»-РО ГУЗОШТ
Душанбе, 12 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар маҳаллаи «Гулистон»-и пойтахт хишти нахустини бинои «Хонаи Эрон» гузошта шуд. Дар маросими гузоштани хишти нахустини биноми мазкур Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳим Машоӣ, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва эрониёни муқими Тоҷикистон ширкат доштанд. Назар ба иттилоъи масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ, «Хонаи Эрон» аз якчанд толор барои гузаронидани намоишгоҳҳо ва ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ иборат буда, дар масоҳати 25 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда хоҳад шуд. «Хонаи Эрон» нахустин марказест, ки дар хориҷ аз Эрон, дар Душанбе сохта шуда, он дар шинохту муаррифии таъриху фарҳанг ва тамаддуни Эрон ба халқу миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон мусоидат менамояд. Дар назар аст, ки Раиси Дастгоҳи Президенти ҶИЭ Исфандиёр Раҳим Машоӣ 12 июл бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ дидору мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои гуногун баррасӣ хоҳад кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






