МАШОӢ ХИШТИ НАХУСТИНИ «ХОНАИ ЭРОН»-РО ГУЗОШТ

Июль 12, 2010 09:39

Душанбе, 12 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар маҳаллаи  «Гулистон»-и пойтахт хишти нахустини бинои «Хонаи Эрон» гузошта шуд. Дар маросими гузоштани хишти нахустини биноми мазкур Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳим Машоӣ, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва эрониёни муқими Тоҷикистон ширкат доштанд. Назар ба иттилоъи масъули бахши матбуоти Сафорати  Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ,   «Хонаи Эрон» аз якчанд толор барои гузаронидани намоишгоҳҳо ва ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ иборат буда, дар масоҳати 25 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда хоҳад шуд.  «Хонаи Эрон» нахустин марказест, ки дар хориҷ аз Эрон,  дар Душанбе сохта шуда, он дар шинохту муаррифии  таъриху фарҳанг ва тамаддуни Эрон ба халқу миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон  мусоидат менамояд.    Дар назар аст, ки Раиси Дастгоҳи Президенти ҶИЭ Исфандиёр Раҳим Машоӣ 12 июл бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ дидору мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои  гуногун баррасӣ хоҳад кард.  

Июль 12, 2010 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад