МАШОӢ: ««САНГТӮДА-2» ДАР ЗАМОНИ МУАЙЯНШУДА СОХТА ХОҲАД ШУД»

Июль 14, 2010 10:09

 Душанбе, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Боздошти вагонҳои ҳомили масолеҳи сохтмонии  марбут ба Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда -2» дар қаламрави Ӯзбекистон суръати корҳоро дар ин иншоот то  5-6 моҳ ба таъхир андохтааст» иброз дошт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ. Мавсуф зикр намуд, ки дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз маҳали сохтмони ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон боздид намуд ва бо ҷараёни корҳои сохтмони аз наздик шинос гардид. Машоӣ афзуд, ки новобаста ба таъхир афтодани суръати корҳо дар иншооти мазкур ҷониби Эрон саъй менамояд то зарари ба ҷараёни сохтмон расидаро  ҷуброн намояд. Дар посух ба савол, ки оё Эрон  имкон дорад сохтмони НБО «Сангтӯда-2»-ро  новобаста ба таъхир афтодани ҷараёни корҳояш дар замони муайяншуда сохта ба истифода диҳад,  намояндаи баландпояи Ҳукумати Эрон гуфт, ки дар ин маврид тасмимгирӣ ва ҷамъбандие аз сӯи Эрон ба анҷом расонида мешавад, ки дар асоси он  сохтмони НБО «Сангтӯда-2» дар замони муайяншуда ба истифода дода хоҳад шуд.                                                                                                

Июль 14, 2010 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад