МАШОӢ: ««САНГТӮДА-2» ДАР ЗАМОНИ МУАЙЯНШУДА СОХТА ХОҲАД ШУД»
Душанбе, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Боздошти вагонҳои ҳомили масолеҳи сохтмонии марбут ба Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда -2» дар қаламрави Ӯзбекистон суръати корҳоро дар ин иншоот то 5-6 моҳ ба таъхир андохтааст» иброз дошт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ. Мавсуф зикр намуд, ки дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз маҳали сохтмони ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон боздид намуд ва бо ҷараёни корҳои сохтмони аз наздик шинос гардид. Машоӣ афзуд, ки новобаста ба таъхир афтодани суръати корҳо дар иншооти мазкур ҷониби Эрон саъй менамояд то зарари ба ҷараёни сохтмон расидаро ҷуброн намояд. Дар посух ба савол, ки оё Эрон имкон дорад сохтмони НБО «Сангтӯда-2»-ро новобаста ба таъхир афтодани ҷараёни корҳояш дар замони муайяншуда сохта ба истифода диҳад, намояндаи баландпояи Ҳукумати Эрон гуфт, ки дар ин маврид тасмимгирӣ ва ҷамъбандие аз сӯи Эрон ба анҷом расонида мешавад, ки дар асоси он сохтмони НБО «Сангтӯда-2» дар замони муайяншуда ба истифода дода хоҳад шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






