МАШВАРАТ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИР
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 21-июли соли равон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи буҷетӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани қафомонии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои пурраи он то охири соли 2010 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре таъкид гардид, дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори мамлакат лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои пурра ва саривақтии даромадҳо ба буҷети давлатӣ таҳия гардида, баҳри таъмини қафомонии иҷрои буҷети давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Оқил Оқилов паст будани низоми молиявӣ дар корхонаву муассисаҳо, таъмин нагардидани пардохтҳои гумрукӣ ва ворид нагардидани андозу қарзҳои мавҷудаи онро яке аз сабабҳои асосии қафомонии иҷрои буҷети давлатӣ маъниндод карда, ба шахсони масъул барои иҷрои вазифаҳои ба зимма гирифтаашон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат вазифадор шуданд , ки барои рӯёнидани бақияи қарзи андозҳо, дарёфти манбаъҳои нави андозситонӣ,пардохтҳои гумрукӣ, ҷалби маблағҳои грантӣ барои маблағгузории иҷтимоӣ, пардохти музди кор, нафақа ва ҷубронпулиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






