МАШВАРАТ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИР

Июль 22, 2010 11:58

Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 21-июли соли равон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи буҷетӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани қафомонии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои пурраи он то охири соли 2010 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре таъкид гардид, дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори мамлакат  лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои пурра ва саривақтии  даромадҳо ба буҷети давлатӣ  таҳия гардида,  баҳри таъмини қафомонии иҷрои буҷети давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Оқил Оқилов паст будани низоми молиявӣ дар корхонаву муассисаҳо, таъмин нагардидани пардохтҳои гумрукӣ ва ворид нагардидани андозу қарзҳои мавҷудаи онро  яке аз сабабҳои асосии қафомонии иҷрои буҷети давлатӣ маъниндод карда, ба шахсони масъул барои иҷрои вазифаҳои ба зимма гирифтаашон  дастуру супоришҳои мушаххас дод. Роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат вазифадор шуданд , ки  барои рӯёнидани бақияи қарзи  андозҳо, дарёфти манбаъҳои нави андозситонӣ,пардохтҳои гумрукӣ, ҷалби маблағҳои грантӣ барои маблағгузории иҷтимоӣ, пардохти музди кор, нафақа ва ҷубронпулиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.      

Июль 22, 2010 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид