МАШВАРАТ ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов доир ба иҷрои чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллалӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат ахбори роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур , ки бо қарори ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст,шунида шуд. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки ҷараёни тадбирҳои амалишаванда дар бахши беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллалӣ аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ беҳбудӣ талаб менамояд. Тавре таъкид гардид, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, воситаи хуби бештар ҷалб кардани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат мебошад. Дар машварат роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат вазифадор карда шуданд,ки ҷиҳати иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллалӣ , аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳои кори байниидоравӣ ва соддатар намудани талабот нисбат ба пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо барои ба расмият даровардани амалиёти воридотию содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






