МАШВАРАТ ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

Июль 21, 2010 14:39

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов  доир ба иҷрои чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллалӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат ахбори роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ  оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур , ки бо қарори ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст,шунида шуд. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки ҷараёни тадбирҳои амалишаванда дар бахши беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллалӣ аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ  беҳбудӣ  талаб  менамояд. Тавре таъкид гардид, беҳтар гардонидани  фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, воситаи хуби бештар ҷалб кардани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат   мебошад. Дар машварат роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат вазифадор карда шуданд,ки ҷиҳати иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллалӣ , аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳои кори байниидоравӣ  ва соддатар намудани талабот нисбат ба пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо барои ба расмият даровардани  амалиёти воридотию содиротӣ  тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Июль 21, 2010 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад