МАВСИМИ ТЕАТРӢ БО НАХУСТНАМОИШ АНҶОМ ЁФТ

Июль 26, 2010 12:04

Душанбе, 26 июл. ( АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Театри давлатии  драмавии русии  ба номи В. Маяковский  мавсими театрии  хешро бо нахустнамоиши  асари дар ҷаҳон  машҳури  «Се хоҳар»-и  Антон Чехов , ки ба 150 солагии  ин нависандаи  бузурги рус  бахшида шудааст,  ба анҷом  расонид. Нахустнамоиш  дар шаҳри Душанбе  дар саҳнаи театри   драмавӣ  рӯзҳои  23-24 июл  хеле муваффақона  гузашт. Тавре ба мухбири  АМИТ «Ховар»  аз театр хабар доданд, ҳунармандони театр  тӯли чанд моҳи  охир пурра  бо кори  тайёрӣ  ба ин намоишнома  банд буданд. Ба тамошобинон нусхаи  классикии  намоишнома дар  таҳияи Барзу  Абдураззоқов  пешниҳод гардид. Ин  шоҳасари  сатҳи ҷаҳониро  ҳамаи дӯстдорони  санъат,  новобаста аз синну сол  ва касбият тамошо намуданд. Ёдовар мешавем, ки   бори охирин ин  намоишнома аз  тарафи ҳунармандони  театр соли 1985  ба саҳна гузошта шуда буд. Дар назар  аст, ки  мавсими навбатии  театри   Маяковскии  пойтахт  моҳи сентябри соли  ҷорӣ оғоз  меёбад.        

Июль 26, 2010 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд