МАВСИМИ ТЕАТРӢ БО НАХУСТНАМОИШ АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 26 июл. ( АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский мавсими театрии хешро бо нахустнамоиши асари дар ҷаҳон машҳури «Се хоҳар»-и Антон Чехов , ки ба 150 солагии ин нависандаи бузурги рус бахшида шудааст, ба анҷом расонид. Нахустнамоиш дар шаҳри Душанбе дар саҳнаи театри драмавӣ рӯзҳои 23-24 июл хеле муваффақона гузашт. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз театр хабар доданд, ҳунармандони театр тӯли чанд моҳи охир пурра бо кори тайёрӣ ба ин намоишнома банд буданд. Ба тамошобинон нусхаи классикии намоишнома дар таҳияи Барзу Абдураззоқов пешниҳод гардид. Ин шоҳасари сатҳи ҷаҳониро ҳамаи дӯстдорони санъат, новобаста аз синну сол ва касбият тамошо намуданд. Ёдовар мешавем, ки бори охирин ин намоишнома аз тарафи ҳунармандони театр соли 1985 ба саҳна гузошта шуда буд. Дар назар аст, ки мавсими навбатии театри Маяковскии пойтахт моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз меёбад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






