МЕДАЛИ БИРИНҶИИ «TOP TEN AWARD» НАСИБИ ТОҶИКИСТОН ШУД

Июль 27, 2010 14:18

Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар пойтахти Гурҷистон –шаҳри Тифлис аз ҷониби Созмони байналмилалии GIFRAN (Дастгирии сертификатсияи мустақил) Агентии «Тоҷикстандарт» бо медали биринҷии ҷоизаи байналмилалии «Top Ten Award» (Даҳгонаи беҳтарин) мукофотонида шуд. Сармутахассиси маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки медали биринҷӣ ба намояндаи «Тоҷикстандарт» — мудири шӯъбаи равобити байналмилалии Агентӣ Саодат Абдуллоева, ки дар шаҳри Тифлис қарор дорад, дар маросими ботантана супорида шуд. Бояд зикр кард, ки дар байни  20 давлати аъзои  созмони GIFRAN (Дастгирии сертификатсияи мустақил)  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши танзими сифат зинаи сеюмро касб намуда, бо гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тӯли солҳои охир Агентии «Тоҷикстандарт» ба комёбиҳои назаррас дар бахши назорат аз болои сифати маҳсулот, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо бо техникаю технологияи муосир ва ҷалби мутахассисони варзидаю соҳавӣ ноил гардидааст.           

Июль 27, 2010 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд