МЕДАЛИ БИРИНҶИИ «TOP TEN AWARD» НАСИБИ ТОҶИКИСТОН ШУД
Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар пойтахти Гурҷистон –шаҳри Тифлис аз ҷониби Созмони байналмилалии GIFRAN (Дастгирии сертификатсияи мустақил) Агентии «Тоҷикстандарт» бо медали биринҷии ҷоизаи байналмилалии «Top Ten Award» (Даҳгонаи беҳтарин) мукофотонида шуд. Сармутахассиси маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки медали биринҷӣ ба намояндаи «Тоҷикстандарт» — мудири шӯъбаи равобити байналмилалии Агентӣ Саодат Абдуллоева, ки дар шаҳри Тифлис қарор дорад, дар маросими ботантана супорида шуд. Бояд зикр кард, ки дар байни 20 давлати аъзои созмони GIFRAN (Дастгирии сертификатсияи мустақил) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши танзими сифат зинаи сеюмро касб намуда, бо гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тӯли солҳои охир Агентии «Тоҷикстандарт» ба комёбиҳои назаррас дар бахши назорат аз болои сифати маҳсулот, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо бо техникаю технологияи муосир ва ҷалби мутахассисони варзидаю соҳавӣ ноил гардидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






