МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН КАЙ ОҒОЗ МЕЁБАД?

Июль 21, 2010 11:09

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-  Чоршанбеи 11 августи соли 2010 мелодӣ барои кулли мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз меёбад. Санаи оғози моҳи мубораки Рамазон бо қарори Шӯрои Уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар, ки бо иштироки имомхатибон ва мудирони бахшҳои дини минтақаҳои кишвар 19 июл  баргузор шуд, муайян гардид. Назар ба иттилои мудири шӯъбаи фатвои  Маркази  Исломии Тоҷикистон Қобилҷон Боев,  тақвими моҳи шарифи Рамазон дар ҳоли таҳия буда, он  то арафаи оғози моҳи шарифи Рамазон ба дасти мусулмонони кишвар мерасад. Дар мавриди фазилатҳои барҷастаи моҳи шарифи Рамазон намояндаи Маркази исломии Тоҷикистон афзуд, ки моҳи Рамазон нисбат ба дигар моҳҳо шариф ва муқаддас аст. Зеро дар ин моҳ аз сӯи Офаридгор китоби осмонӣ-Қуръони карим ба замин ба бандагон нозил шудааст. Дар ин моҳи шариф мусулмонон рӯза медоранд, ба ибодат ва қироати Қуръони азимушаън машғул шуда, қалби худро аз кинаву кудрат пок сохта, аз корҳои ғайришаръӣ  даст мекашанд. Кӯмак ва хайру эҳсон  ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз рукнҳои наҷиби ин моҳи шариф аст.

Июль 21, 2010 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд