МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН КАЙ ОҒОЗ МЕЁБАД?
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Чоршанбеи 11 августи соли 2010 мелодӣ барои кулли мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз меёбад. Санаи оғози моҳи мубораки Рамазон бо қарори Шӯрои Уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар, ки бо иштироки имомхатибон ва мудирони бахшҳои дини минтақаҳои кишвар 19 июл баргузор шуд, муайян гардид. Назар ба иттилои мудири шӯъбаи фатвои Маркази Исломии Тоҷикистон Қобилҷон Боев, тақвими моҳи шарифи Рамазон дар ҳоли таҳия буда, он то арафаи оғози моҳи шарифи Рамазон ба дасти мусулмонони кишвар мерасад. Дар мавриди фазилатҳои барҷастаи моҳи шарифи Рамазон намояндаи Маркази исломии Тоҷикистон афзуд, ки моҳи Рамазон нисбат ба дигар моҳҳо шариф ва муқаддас аст. Зеро дар ин моҳ аз сӯи Офаридгор китоби осмонӣ-Қуръони карим ба замин ба бандагон нозил шудааст. Дар ин моҳи шариф мусулмонон рӯза медоранд, ба ибодат ва қироати Қуръони азимушаън машғул шуда, қалби худро аз кинаву кудрат пок сохта, аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд. Кӯмак ва хайру эҳсон ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз рукнҳои наҷиби ин моҳи шариф аст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






