МУБОРИЗАИ КИМИЁВИИ ЗИДДИ МАЛАХ
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баъди баргузории ситоди ҷумҳуриявии мубориза бар зидди малах нақша – чорабиниҳо дар бораи пурра нобуд сохтани ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия ва амалӣ мегардад. Бино ба иттилои фаврии роҳбари КВД «Мубориза бар зидди малах» то 5 — уми июл майдони паҳн гаштаи малах ба 99 ҳазору 470 га расидааст, ки масоҳати 76 ҳазору 332 га бо истифодаи 24 адад тракторҳои дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 552 адад дорупошакҳои дастӣ ва иштироки 769 қувваи корӣ коркарди кимиёвии зидди малах ба роҳ монда шуд, ки ин нисбат ба ҳафтаи гузашта 11 трактори дорупошӣ (ОВХ), 160 дорупошакҳои дастӣ ва 350 нафар қувваи корӣ зиёд аст. Бо вуҷуди зиёд шудани техника ва қувваи корӣ маҳлули доруҳои кимиёвӣ (заҳрхимикатҳо) ҳанӯз пурра намерасад ва то охир несту нобуд сохтани малах зери суол мемонад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






