МУБОРИЗАИ КИМИЁВИИ ЗИДДИ МАЛАХ

Июль 6, 2010 09:19

Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баъди баргузории ситоди ҷумҳуриявии мубориза бар зидди малах нақша – чорабиниҳо   дар бораи пурра нобуд сохтани ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия ва амалӣ мегардад. Бино ба иттилои фаврии роҳбари КВД «Мубориза бар зидди малах» то    5 — уми июл майдони паҳн гаштаи малах ба 99 ҳазору 470 га расидааст, ки масоҳати 76 ҳазору 332 га бо истифодаи 24 адад тракторҳои дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 552 адад дорупошакҳои дастӣ ва иштироки 769 қувваи корӣ коркарди  кимиёвии зидди малах ба роҳ монда шуд, ки ин нисбат ба ҳафтаи гузашта 11 трактори дорупошӣ (ОВХ),  160 дорупошакҳои дастӣ ва 350 нафар  қувваи корӣ зиёд аст. Бо вуҷуди зиёд шудани техника ва қувваи корӣ маҳлули доруҳои кимиёвӣ (заҳрхимикатҳо) ҳанӯз пурра намерасад ва то  охир несту нобуд сохтани малах зери суол мемонад.                             

Июль 6, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд