МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРИ ТУРКМАНИСТОН
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 1 июл бо хоҳиши сафири Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯкаргулӣ Отагулиев бо ӯ мулоқот кард. Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон табодули назар намуданд. Қайд карда шуд, ки ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту алоқа, фарҳанг ва ғайра сол то сол густариш меёбад. Барои равнақу ривоҷи ҳамкорӣ иҷрои аҳду паймонҳои сарони ҳар ду давлат ва истифодаи имкониятҳои ҳар ду мамлакат нақши муҳим мебозанд. Ҳамрохон Зарифӣ ва Нӯкаргулӣ Отагулиев ба масъалаҳои таҳкими заминаи қонунии ҳамкории кишварҳояшон диққати ҷиддӣ доданд. Қайд карда шуд, ки мувофиқи барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон барои солҳои 2010 – 2011 дар давоми соли равон дар Ашқобод ва Душанбе машваратҳои намояндагони вазоратҳои ҳар ду мамлакат гузаронида мешаванд. Зимни мулоқот инчунин ба масъалаҳои муҳимтарини байналхалқию минтақавӣ дахл карда шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






