МУЛОҚОТИ БОНКДОРОН ДОИР БА ҲАМКОРӢ

Июль 29, 2010 10:12

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов, дар семинаре, ки бо ибтикори Бонки  давлатии «Амонатбонк» доир гардид, намояндагони Бонки давлатии «Рушди Чин» ширкат варзида,  дар ҳама самт      ҳамкориҳои ҳасана доштани худро бо қаноатмандӣ изҳор намуданд. Дар  ин семинари дурӯза бонкдорони тоҷику чинӣ аз бурду бохти ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкориҳои Шанхай  дар мавзӯи «Нақши сармоягузорӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна» гуфтушуниди судмандро анҷом доданд. Дар кори семинар муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикстон Ҷамшед Юсуфиён ширкат намуда, оид ба ҳамкориҳои сифатан нави Тоҷикистону Чин сухан кард.

Июль 29, 2010 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд