МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САФИРИ ҲИНД
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Амар Сингҳ, ки мӯҳлати сафириаш дар кишвари мо ба охир расидааст мулоқот кард. Амар Сингҳ баъди анҷоми мулоқоташ бо Сарвари давлат зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои он маълумот дод. Ӯ иброз дошт, ки ин мулоқоти ман мулоқоти хайрбодӣ буд, ки бинобар ба итмом расидани муҳлати адои вазифаи ман ба сифати сафири фавқкуллода ва мухтор сурат гирифт. Дар рафти мулоқот мо ҳамаи дастовардҳоямонро дар давоми се соли охир мавриди муҳокима қарор додем ва мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба ҳамкориҳои боз ҳам бештари кишварҳоямон иброз доштем. Бояд гуфт, ки ҳамкории кишварҳои мо дар самти ҳамлу нақли мол ва коммуникатсия бисёр баланд арзёбӣ карда шуд. Зимни суҳбат инчунин вазъияти Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сафир афзуд, ки роҷеъ ба фаъолияти сармоягузории Ҷумҳурии Ҳиндустон ба фаъолияти ширкатҳои хусусӣ иттилоъ додааст. Амар Сингҳ ҳамчунин иброз дошт, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд. Таъкид гардид, ки ин аввалин сафари Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ буд ва ба муносибатҳои ҳамаҷонибаи Ҳиндустону Тоҷикистон такони тоза бахшид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






