МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САЛИМ МАНДВИВАЛЛА

Июль 20, 2010 07:58

19 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Вазири давлатӣ-раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалларо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. «Густариш додани муносиботи судманд бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар қитъаи Осиё аст», — изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ифтитоҳи хатсайри мустақими парвоз миёни шаҳрҳои Душанбею Исломобод баёнгари хислати амалии муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон арзёбӣ гардид. Аз баргузории мулоқоти соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 40 нафар аз Покистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, татбиқи саривақтӣ ва босамари санадҳои дуҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг ва таҳияи Барномаи мушаххаси дарозмуддати ҳамкорӣ зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки барои густариши тиҷорати минтақавӣ зарурати таҳия ва фаъол намудани созишномаи ҳамкории сеҷонибаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон ба миён омадааст. Ҳарду ҷониб омодагии худро ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.   

Июль 20, 2010 07:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!