МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ВИКТОР ИВАНОВ

Июль 1, 2010 16:27

Имрўз 1 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Роҳбари Хадамоти федеролии назорати маводи нашаовари Федератсияи Русия Виктор Ивановро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд. ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ин самти муҳим «намунавӣ» арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб аз афзоиши истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон нигаронӣ доранд ва омодаанд, ки баҳри пешгирӣ аз ин хатар тадбирҳои муштаракро тақвият бахшанд. Виктор Иванов ҳамчунин ба тадбирҳои Тоҷикистон, ки бо кишварҳои пешрафтаи ғарб дар ин самт анҷом медиҳад, аз ҷумла кушодани Коллеҷи марзбонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе,  баҳои баланд дода, чунин сиёсати кишвари моро «намунаи ҳамкории байналмилалӣ» маънидод кард.  Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июль 1, 2010 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд