МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ВИКТОР ИВАНОВ
Имрўз 1 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Хадамоти федеролии назорати маводи нашаовари Федератсияи Русия Виктор Ивановро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд. ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ин самти муҳим «намунавӣ» арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб аз афзоиши истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон нигаронӣ доранд ва омодаанд, ки баҳри пешгирӣ аз ин хатар тадбирҳои муштаракро тақвият бахшанд. Виктор Иванов ҳамчунин ба тадбирҳои Тоҷикистон, ки бо кишварҳои пешрафтаи ғарб дар ин самт анҷом медиҳад, аз ҷумла кушодани Коллеҷи марзбонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе, баҳои баланд дода, чунин сиёсати кишвари моро «намунаи ҳамкории байналмилалӣ» маънидод кард. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






