МУЛОҚОТИ МУШОВИРИ ПРЕЗИДЕНТИ ИМА БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 июл бо мушовири Президенти ИМА дар масъалаҳои амнияти миллӣ Майкл Макфол мулоқот кард. М.Макфол баъди мулоқоташ бо Президенти Тоҷикистон зимни сӯҳбати мухтасар бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ зикр намуд, ки ҳамроҳи Президент проблемаҳо ва масъалаҳои марбут ба таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати ИМА ба тақвияти мубориза ба муқобили зуҳуроти мазкур аҳамияти калон медиҳанд ва дар ин бобат самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Инчунин зимни мулоқот бо Президент масъалаҳои густариш додани ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону ИМА муҳокима шуданд. Мусоҳибон ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон дахл карда, изҳор намуданд, ки ба мӯътадил гардонидани вазъияти сиёсию ҳарбии ин мамлакат манфиатдоранд. Зимни мулоқот масъалаҳои дигари марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, алоқа ва нақлиёт низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд, гуфт М.Макфол.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






