МУЛОҚОТИ О. ОҚИЛОВ БО ВАЗИРИ ДАВЛАТИИ ПОКИСТОН
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — 19-июли соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо Вазири давлатӣ — раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалла мулоқот кард. Дар мулоқот масоили таҳкиму тақвияти муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноати нассоҷҷӣ, дорусозӣ, илм ва туризм мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оқил Оқилов аз болоравии сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ карда таъкид дошт, ки муомилоти савдо дар байни ду давлат дар панҷ моҳи аввали соли равон нисбат ба панҷмоҳаи аввали соли 2009 ду маротиба афзоиш ёфта аз Покистон ба Тоҷикистон асосан маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ ворид гардидааст. Салим Мандвивалла таъкид кард, ки Покистон нақша дорад бо Тоҷикистон доираи ҳамгироиҳоро боз ҳам васеътар гардонида минбаъд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, сохтмони роҳи оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли барқ, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва инфрасохтори туризм, кашфи конҳои нефту газ ва истихроҷи онҳо тақвият бахшад. Дар мулоқот ҷанбаҳои дигари масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ҳар ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






