МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ

Июль 8, 2010 11:26

Айнӣ,  8 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —   Раиси  вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода 6  июл  дар  ноҳияи  Айнӣ  сокинони  маҳаллиро  қабул  намуда,  аз  мушкилоти  зиндагии онҳо  огоҳ  шуд. Муовини раиси  ноҳияи  Айнӣ Гулчеҳра  Саъдуллоева ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки   ҳамон  рӯз  раиси  вилоят  70 сокини  маҳаллиро  ба  ҳузур  пазируфт. Корафтодагон  асосан   масъалаҳои  тармими  муассисаҳои   тиббию  маориф, фарҳангӣ  ва  сохтмони  синфхонаю  мактабҳои навро  ба  миён  гузоштанд.  Аз  ҷумла  пешниҳод  шуд, ки  дар  деҳаи  дурдасти  Анзоб  барои   бачагони  ятим  мактаб – интернат  сохта  шавад. Сокинони  ноҳия  ҳамчунин хоҳиш  карданд, ки  барои  муассисаҳои табобатӣ асбобу  анҷом  ва  таҷҳизоти  тиббӣ   харида,  мавриди  истифода  қарор  дода шавад. Қ.Расулзода  баъдан  дар  ҷараёни  маҷлиси  фаъолони  ноҳия  супориш  дод, ки  барои ҳисобу  китоби  маблағҳои  зарурӣ бо  мақсади сохтмон  ва таъмири   муассисаҳои   фарҳангу  маориф  ва тиб комиссияи  махсус  ташкил  карда шавад. Инчунин  супориш  дода шуд, ки  дар  давоми  як  моҳ  ба  муассисаҳои табобатии  ноҳия як  дастгоҳи  ташхиси  ултрасадо,  як  дастгоҳи  эндоскопӣ  ва  як  дастгоҳи  рентгени  даҳону  дандон  харида   дастрас  гардонида  шавад. Бояд  гуфт, ки   дар  ноҳия  танҳо  як  дастгоҳи   ташхиси  ултрасадои  кӯҳнаю  фарсуда  мавҷуд  аст ва  он  талаботи   мизоҷонро  ба ҷо  оварда  наметавонад. Бинобар  ин  корафтодагон  ночор  бояд  барои ташхиси  саломатиашон ё  ба  Хуҷанд  ё  ба  Душанбе раванд.    

Июль 8, 2010 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд