МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ
Айнӣ, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 6 июл дар ноҳияи Айнӣ сокинони маҳаллиро қабул намуда, аз мушкилоти зиндагии онҳо огоҳ шуд. Муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулчеҳра Саъдуллоева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳамон рӯз раиси вилоят 70 сокини маҳаллиро ба ҳузур пазируфт. Корафтодагон асосан масъалаҳои тармими муассисаҳои тиббию маориф, фарҳангӣ ва сохтмони синфхонаю мактабҳои навро ба миён гузоштанд. Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки дар деҳаи дурдасти Анзоб барои бачагони ятим мактаб – интернат сохта шавад. Сокинони ноҳия ҳамчунин хоҳиш карданд, ки барои муассисаҳои табобатӣ асбобу анҷом ва таҷҳизоти тиббӣ харида, мавриди истифода қарор дода шавад. Қ.Расулзода баъдан дар ҷараёни маҷлиси фаъолони ноҳия супориш дод, ки барои ҳисобу китоби маблағҳои зарурӣ бо мақсади сохтмон ва таъмири муассисаҳои фарҳангу маориф ва тиб комиссияи махсус ташкил карда шавад. Инчунин супориш дода шуд, ки дар давоми як моҳ ба муассисаҳои табобатии ноҳия як дастгоҳи ташхиси ултрасадо, як дастгоҳи эндоскопӣ ва як дастгоҳи рентгени даҳону дандон харида дастрас гардонида шавад. Бояд гуфт, ки дар ноҳия танҳо як дастгоҳи ташхиси ултрасадои кӯҳнаю фарсуда мавҷуд аст ва он талаботи мизоҷонро ба ҷо оварда наметавонад. Бинобар ин корафтодагон ночор бояд барои ташхиси саломатиашон ё ба Хуҷанд ё ба Душанбе раванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






