МУЛОҚОТИ САРОНИ ЧОР ДАВЛАТ
Душанбе, 30 июл.(АМИТ « Ховар», Фарангис Раҳимова).- Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти чоргонаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Руссия, Афғонистон ва Покистон иштирок менамояд. Ин мулоқот моҳи август дар Сочи баргузор мегардад. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ — Ҳ. Зарифӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. «Интизор меравад, ки дар аввал мулоқоти дуҷонибаи Президенти ҶТ Э. Раҳмон бо Президенти ФР Дмитрий Медведев доир гардида, сипас мулоқоти «чоргона» бо иштироки сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор мегардад».- гуфт Ҳ. Зарифӣ. Вазири корҳои хориҷии ҶТ зикр кард, ки мулоқоти мазкур бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҷониби Тоҷикистон як сол пеш дар Душанбе дар ин бора пешниҳод ба миён гузошта буд. Дар ҷараёни мулоқот асосан масъалаҳои амнияти минтақа баррасӣ карда мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






