МУЛОҚОТИ САРОНИ ЧОР ДАВЛАТ

Июль 30, 2010 15:32

Душанбе, 30 июл.(АМИТ « Ховар», Фарангис Раҳимова).- Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти чоргонаи сарони давлатҳои  Тоҷикистон, Руссия, Афғонистон ва Покистон иштирок менамояд. Ин мулоқот моҳи август дар Сочи баргузор мегардад. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ — Ҳ. Зарифӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.             «Интизор меравад, ки дар аввал мулоқоти дуҷонибаи Президенти ҶТ Э. Раҳмон бо Президенти ФР Дмитрий Медведев доир гардида, сипас мулоқоти «чоргона» бо иштироки сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор мегардад».- гуфт Ҳ. Зарифӣ. Вазири корҳои хориҷии ҶТ зикр кард, ки мулоқоти мазкур бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҷониби Тоҷикистон як сол пеш дар Душанбе дар ин бора пешниҳод ба миён гузошта буд. Дар ҷараёни мулоқот асосан масъалаҳои амнияти минтақа баррасӣ карда мешавад.        

Июль 30, 2010 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад