МУШКИЛИҲОИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
Душанбе 20 июл. ( АМИТ « Ховар» Л.Додо). -Дар маркази ВМКБ-шаҳри Хоруг ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, маҳфили «Ҳамкориҳои иҷтимоӣ» дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатӣ, пешомад ва мушкилиҳо» баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарону намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, корхонаи воҳиди «Бадахшонхориҷ», ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ, васоити ахбори оммаи вилоят иштирок карда, Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саидов ҷамъомадро ифтитоҳ намуд. Муовини раиси вилоят Маҳтобшоева Арамбегим, иброз дошт, ки «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят саъю кӯшиш дорад, ки сафари сокинони Бадахшонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз рӯи талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба маҷрои муайян дарорад. Ҷойҳои нави корӣ ташкил карда, ба ҳамин восита теъдоди муҳоҷирони меҳнатиро кам карданием». Танҳо соли гузашта аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба суроғаи хешу таборашон тариқи бонкҳо 28 миллион доллари ИМА ба вилоят ворид гардидааст.