МУСОФИРКАШОНӢ БА МИҚДОРИ 50,2 ҲАЗОР КАМ ШУД

Июль 23, 2010 09:18

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба иттилои маркази матбуоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар давоми нимсолаи аввали соли 2010 ба 284,9 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,6 ҳазор кам аст. Сабаби асосии камшавии мусофиркашониро дар шӯъбаи мусофиркашонии корхонаи мазкур,  дар самти Душанбе – Москва вобаста ба беҳтар шудани роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд медонанд. Мусофиркашонии транзитӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 50,4 ҳазор мусофир кам шуд, ки сабаби он дар қатъ шудани ҳаракати қатораҳои мусофирбари «Бухоро  -Андиҷон» ва «Тошканд — Андиҷон» аз ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Алҳол ба самти Федератсияи Русия қатораҳои мусофирбари «Душанбе — Москва» ҳафтае се маротиба, «Кӯлоб — Москва»   ду маротиба ва «Хуҷанд – Саратов» низ  ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ монда шудааст. Дар дохили ҷумҳурӣ бошад, ҳаракати қатораҳо дар самтҳои «Душанбе — Конибодом», «Қӯрғонтеппа — Кӯлоб» ҳафтае як маротиба ва дар роҳи оҳани «Душанбе — Пахтаобод» ҳар рӯз ҳаракат мекунанд.  

Июль 23, 2010 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд