МУТАХАССИСОН «АМОНАТБОНК» ХАТИ ҚАРЗИРО БО ЮАНИ ХИТОӢ МЕОМӮЗАНД

Июль 9, 2010 17:00

Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Бинои марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» семинар — машғулияти омӯзишӣ оид ба татбиқи қарордоди пешниҳоди қарзҳо бо юани хитоӣ, бо ширкати мутахассисони Бонки давлатии рушди Хитой (БДРХ) ва Амонатбонк, кори худро оғоз намуд.   Хатти нави қарзии байни Амонатбонк ва БДРХ бо имзои қарордоди тарафайн дар доираи ҳамкориҳои ин ду бонки бонуфуз, як моҳ пештар кушода шуда буд. Хатти қарзии мазкур 33 миллион юани хитоиро дар бар гирифта, барои рушд ва дастгирии тиҷорат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой сафарбар мешавад. Чорабиниҳои номбурда дар доираи ҳамкориҳои Иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат мегиранд. Тибқи барномаи хатти қарзии мазкур акнун соҳибкорони Тоҷикистон имкон доранд маблағҳоро бевосита дар ҳудуди кишвар, яъне тавассути муассисаҳои Амонатбонк бо юани хитоӣ қарз гирифта, барои иҷрои корҳо ва овардани молу маҳсулот аз ин кишвари дӯсту ҳамсоя истифода намоянд.  Вобаста ба ин онҳо имкон доранд ба муассисаҳои Амонатбонк дар саросари ҷумҳурӣ бо лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии худ муроҷиат карда, аз имконияти мазкур истифода намоянд.    

Июль 9, 2010 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд