МУТАХАССИСОН «АМОНАТБОНК» ХАТИ ҚАРЗИРО БО ЮАНИ ХИТОӢ МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Бинои марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» семинар — машғулияти омӯзишӣ оид ба татбиқи қарордоди пешниҳоди қарзҳо бо юани хитоӣ, бо ширкати мутахассисони Бонки давлатии рушди Хитой (БДРХ) ва Амонатбонк, кори худро оғоз намуд. Хатти нави қарзии байни Амонатбонк ва БДРХ бо имзои қарордоди тарафайн дар доираи ҳамкориҳои ин ду бонки бонуфуз, як моҳ пештар кушода шуда буд. Хатти қарзии мазкур 33 миллион юани хитоиро дар бар гирифта, барои рушд ва дастгирии тиҷорат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой сафарбар мешавад. Чорабиниҳои номбурда дар доираи ҳамкориҳои Иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат мегиранд. Тибқи барномаи хатти қарзии мазкур акнун соҳибкорони Тоҷикистон имкон доранд маблағҳоро бевосита дар ҳудуди кишвар, яъне тавассути муассисаҳои Амонатбонк бо юани хитоӣ қарз гирифта, барои иҷрои корҳо ва овардани молу маҳсулот аз ин кишвари дӯсту ҳамсоя истифода намоянд. Вобаста ба ин онҳо имкон доранд ба муассисаҳои Амонатбонк дар саросари ҷумҳурӣ бо лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии худ муроҷиат карда, аз имконияти мазкур истифода намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






