МУТАХАССИСОН БА ЁРИИ ДЕҲҚОНОН РАФТАНД

Июль 9, 2010 09:55

Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани «Ҳосил — 2010» ва бо  сифати баланд гузаронидани кишти такрории зироатҳо бо дастури вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовинони вазири кишоварзӣ, мутахассисони вазорат ва олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, роҳбарони зерсохторҳои вазорат барои кӯмаки амалию методӣ дар ҷамъоварии ҳосили ғалладона ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фиристода шуданд.  Гурӯҳи корӣ зимни сафари хизматӣ рафти ҷамъоварии ғалла, кишти такрорӣ ва таъмини тухми зироатҳоро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) омӯхта ба онҳо кӯмакхои методӣ мерасонад. Вазифаи имрӯзаи кишоварзон беталаф ҷамъоварӣ намудани ғалладона аз  масоҳати 298 ҳазору 685 гектар мебошад.  То 5 –уми июл майдони 106 ҳазору 373 гектар, ки 35,6 фоизи умумии киштро ташкил медиҳад, ҷамъоварӣ гардидааст.

Июль 9, 2010 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд