МУТАХАССИСОНИ АВИАТСИОНӢ БОЗОМӮЗӢ МЕКУНАНД.

Июль 14, 2010 17:34

Душанбе, 14 июл  (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Барои омода намудани мутахассисони техникии соҳаи авиатсияи гражданӣ Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ҳамасола барои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон фурудгоҳ мутахассисонро ба марказҳои омӯзишии шаҳрҳои Федератсияи Руссия, Қазоқистон ва хориҷи дур равон менамояд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби маркази матбуоти "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Махмадюсуф Шодиев иттилоъ дод, бо иваз шудани намудҳои ҳавопаймоҳо ҳайати техникӣ низ бояд вобаста ба он тахасуси касбии худро баланд бардорад. Ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ мекунанд, дар ихтиёри худ ҳавопаймоҳои тозаистеҳсолшудаи Ил- 76, 86, Ту-154, тамғаҳои гуногуни "Боинг", "Эйрбас", Ан-120 (Руслан), ҳавопаймои "Геркулес", чархболҳои гуногунтамға доранд ва ҳангоми хизматрасонӣ бо ин намуд ҳавпаймоҳо аз ҳайати техникии фурудгоҳ дониши мукаммал ва дараҷаи баланди тахассусиро тақозо менамояд. Аз рӯи нақшаи таълимӣ 12 нафар мутахассисон техникҳои ҷавони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои бозомӯзӣ ба маркази таълимии Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" равон карда мешаванд.  

Июль 14, 2010 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд