МУВАФФАҚИЯТҲО НАЗАРРАСАНД

Июль 12, 2010 15:23

Турсунзода, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Дар шаҳри Турсунзода корҳои сохтмонию бунёдкорӣ рўз то рўз суръат ва вусъати тоза мегирад, — иброз дошт, раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии  Маҷлии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадов зимни нишасти матбуотӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ҷо баргузор гардид. Имрўзҳо сохтмони Осорхона, Қасри ақди никоҳ, мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 18 ва 107 бомуваффақият идома дорад. Сохтмони хонаи истиқоматии 75 ҳуҷрадор аз ҷониби КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ба анҷом расид ва  як идда аҳли заҳмати ин корхона, соҳиби манзили зист шуданд. Ғайр аз ин дар нимсолаи аввал даҳҳо маркази савдо, як хатти оби нўшокӣ, як корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ мавриди истифода қарор гирифт. Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминии Тоҷик» дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли алюминии аввалияро ба 180,6 ҳазор тонна расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 8,5 % ё ин, ки ба миқдори 14,1 ҳ. тонна зиёд мебошад. Қисми даромади буҷети давлатии шаҳр 108,0 % иҷро шуд, ки  нисбат ба нақша 2 млн. 376 ҳазору 288 сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони матиниродаи ноҳияи Турсунзода баҳри рўёнидани ҳосили фаровони ғалла, пилла, сабзавот, шолӣ сайю кўшиши зиёд доранд. Дар  хоҷагиҳо дарави ғалла, ҷамъоварии сабзавот бомуваффақият идома дошта, масоҳати  кишти такрорӣ рўз то рўз бештар мешавад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ки кулли кормандони мақомоти иҷроия раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд, хабарнигорон ба саволҳои хеш ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.       

Июль 12, 2010 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд