МУВАФФАҚИЯТҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ШАШ МОҲ

Июль 13, 2010 15:40

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). Дар шашмоҳаи аввали соли 2010 варзишгарони  тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ 98 медал ба даст оварданд. Дар ин бора Маликшо Неъматов раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июл дар нишасти  матбуотӣ ба хабарнигорон хабар дод. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки варзишгарони тоҷик тайи 6 моҳи соли 2010 дар зиёда аз 20  мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё, мусобиқаҳои байналмилалии калон ширкат варзида, 98 медал,  аз ҷумла 35 медали тилло, 28 нуқра ва  35  биринҷиро соҳиб гаштанд. Хотиррасон менамоем, ки тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар кишвар 131 мактаби варзишӣ, 1009 толори варзишӣ, зиёда аз 4 ҳазор майдони варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст. Бояд тазаккур дод, ки тайи солҳои охир  теъдоди ҷавонони ба варзиш машғулбуда дар ҷумҳурӣ афзуда, ба 940 ҳазор нафар расидааст.

Июль 13, 2010 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд