НАҚБИ «ИСТИҚ ЛОЛ» — РО ШИРКАТИ «САНГОБ» МЕСОЗАД

Июль 6, 2010 09:16

Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари ширкати «Собир» -и Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Эҳсон Раҷабзода, бо сабаби таъхири маблағгузорӣ барои корхои таъмиру сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол», зарурати ба ширкати «Сангоб» супоридани давоми корҳо дар иншооти сохтмони нақби  мазкур пеш омад. Ба иттилои ҳамин  манбаъ, барои идомаи кори сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол»  миёни намояндагони ширкати «Сангоб» ва  Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия қарордод ба тасвиб расонида шудааст. Тибқи қарордоди мазкур, ширкати «Сангоб» сохтмони ин нақбро дар давоми 5 моҳи оянда пурра анҷом медиҳад. Ба гуфти оқои Эҳсон Раҷабзода, барои анҷоми пурраи корҳо аз давлатҳои Аврупо техникаи ҳавокашӣ ва воситаҳои равшанидиҳии  нақб харидорӣ  шудааст ва рӯзҳои наздик вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд шуд. Ёдовар мешавем, ки ширкати «Сангоб» ҳамзамон сохтмони НБО «Сангтӯда — 2» -ро ба ӯҳда дорад.

Июль 6, 2010 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд