НАҚБИ «ИСТИҚ ЛОЛ» — РО ШИРКАТИ «САНГОБ» МЕСОЗАД
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари ширкати «Собир» -и Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Эҳсон Раҷабзода, бо сабаби таъхири маблағгузорӣ барои корхои таъмиру сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол», зарурати ба ширкати «Сангоб» супоридани давоми корҳо дар иншооти сохтмони нақби мазкур пеш омад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, барои идомаи кори сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» миёни намояндагони ширкати «Сангоб» ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия қарордод ба тасвиб расонида шудааст. Тибқи қарордоди мазкур, ширкати «Сангоб» сохтмони ин нақбро дар давоми 5 моҳи оянда пурра анҷом медиҳад. Ба гуфти оқои Эҳсон Раҷабзода, барои анҷоми пурраи корҳо аз давлатҳои Аврупо техникаи ҳавокашӣ ва воситаҳои равшанидиҳии нақб харидорӣ шудааст ва рӯзҳои наздик вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд шуд. Ёдовар мешавем, ки ширкати «Сангоб» ҳамзамон сохтмони НБО «Сангтӯда — 2» -ро ба ӯҳда дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






