НАҚБИ ШАҲРИСТОН БАЪДИ ЯК СОЛ ИФТИТОҲ ХОҲАД ШУД

Июль 9, 2010 08:03

8 июли соли 2010 аз ноҳияи Айнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ташриф оварда, бо рафти сохтмони нақби мошингарди Шаҳристон аз қисмати шимоли он аз наздик шинос шуд. Хотиррасон бояд намуд, ки дарозии лоиҳавии нақби нақлиётӣ  5253 метр ва нақби ҳаводиҳанда 5305 буда, дар бунёди он 394 нафар кор мекунанд. Аз ин шумора қариб 100 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дар рафти шиносоӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки то имрўз нақби нақлиётӣ ба дарозии беш аз 4 ҳазор метр ва нақби ҳаводиҳанда зиёда аз 4200 метр канда шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки  нақби Шаҳристон то моҳи июли соли 2011 пурра ба истифода супорида шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июль 9, 2010 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд