НАҚБИ ШАҲРИСТОН БАЪДИ ЯК СОЛ ИФТИТОҲ ХОҲАД ШУД
8 июли соли 2010 аз ноҳияи Айнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ташриф оварда, бо рафти сохтмони нақби мошингарди Шаҳристон аз қисмати шимоли он аз наздик шинос шуд. Хотиррасон бояд намуд, ки дарозии лоиҳавии нақби нақлиётӣ 5253 метр ва нақби ҳаводиҳанда 5305 буда, дар бунёди он 394 нафар кор мекунанд. Аз ин шумора қариб 100 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дар рафти шиносоӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки то имрўз нақби нақлиётӣ ба дарозии беш аз 4 ҳазор метр ва нақби ҳаводиҳанда зиёда аз 4200 метр канда шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки нақби Шаҳристон то моҳи июли соли 2011 пурра ба истифода супорида шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






