НАҚШАҲОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТ БАРЗИЁД ИҶРО МЕШАВАНД

Июль 20, 2010 09:05

Хуҷанд, 20  июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Маблағи  истеҳсоли  маҳсулоти  дохилии  вилояти  Суғд  дар   нимаи  аввали  соли  2010 – ум 1,9 миллиард  сомониро  ташкил  дод, ки ин  107  фоизи  ҳамин  давраи  соли гузаштаро ташкил  медиҳад. Сардори  сарраёсати  молияи   вилояти  Суғд  Анвар  Мирзоев  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  дар  ин  давра  бо  мамлакатҳои  хориҷӣ  ба  маблағи  379,8  миллион  сомонӣ мол  харида  ва  фурӯхта  шуд.  Дар  вилоят  нақшаи  ҷамъоварии   ҳамаи  навъҳои  андоз  низ  барзиёд  иҷро  шуд. Тадбирҳои   андешидашуда  имкон  доданд, ки  нақшаи   қисми  даромади буҷети  вилоят  ба  андозаи  106,6  фоиз ва  қисми  хароҷоти он   ба  андозаи  97,8  фоиз  иҷро  карда  шавад.  Дар давоми  шаш  моҳи  гузашта дар  вилоят  ба  маблағи  221,3  миллион  сомонӣ андоз  ҷамъ  оварда шуд.  Ин  аз  нақшаи  пешбинишуда  13,8  миллион  сомонӣ  зиёд  мебошад. Сабабҳои  асосии   иҷро  нашудани  нақшаи   қисми  хароҷоти  буҷет  мавҷудияти  ҷойҳои  холи  кору  вазифа  дар  корхонаю  ташкилотҳои буҷетӣ  ва  сари  вақт  пешниҳод  накардани  ҳуҷҷатҳои  зарурӣ  ба  комиссияи  давлатии  озмуни  хариди  мол  аз  ҷониби  муассисаҳои  сохтмон  аст. Дар давоми  шаш  моҳи  гузашта  барои таъмини эҳтиёҷоти  муассисаҳои  маориф,  тандурустӣ ва  фарҳанг  156,5  миллион  сомонӣ  ҷудо  карда  шуд, ки  80  фоизи қисми  хароҷоти буҷетро ташкил  медиҳад. Илова бар  ин,  дар  ин  муддат   ба баъзе  шаҳру  ноҳияҳо  ба  маблағи  12,5  миллион  сомонӣ  кӯмак  расонида шуд.

Июль 20, 2010 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд