НАМОЯНДАИ БАЛАНДПОЯИ ЭРОН АЗ «САНГТӮДА-2» БОЗДИД НАМУД
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи сафари кории Раиси Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳим Машоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт хишти нахустини пойдевори толори варзишӣ гузошта шуд. Толори мазкур дуюмин толори варзишиест, ки аз ҷониби Эрон дар Душанбе бунёд гардида, он барои намуди варзишҳои бостонӣ- зӯрхонаӣ махсус гардонида мешавад. Дар маросими гузоштани хишти нахустини пойдевори толори варзишӣ намояндаи мақоми баландпояи Эрон Исфандиёр Раҳим Машоӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъмат сухан карда, бунёди чунин бинои варзиширо фоли неке аз тақвияти робитаҳои судманди Тоҷикистону Эрон дар бахши варзиш арзёбӣ карданд. Исфандиёр Раҳим Машоӣ дар чаҳорчӯбаи сафари кории худ ба Тоҷикистон аз маҳали сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон боздид намуда, инчунин, бо эрониёни муқими Душанбе дидору мулоқот кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






