НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ДЕПАРТАМЕНТИ ДАВЛАТИИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Имрӯз сафари намояндаи махсуси Департаменти Давлатии ИМА оид ба муносибат бо ҷамъиятҳои мусулмонон Фараҳ Пандит дар Тоҷикистон анҷом ёфт. Намояндаи махсуси Департаменти Давлатии ИМА 25 июл бо сафари 5- рӯза ба Тоҷикистон омада буд. Зимни сафари хеш Фараҳ Пандит бо донишҷӯён, аъзои ҳукумат, намояндагони ташкилоти ғайридавлатӣ, ҳамчунин бо сарварони иттиҳодияву ҷамъиятҳои динӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд вохӯрд. Мақсади сафари Фараҳ Пандит таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ, роҳбарони давлатии Тоҷикистон ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкориҳои судманди ба ҳар ду ҷониб манфиатовар мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки Фараҳ Пандит барои қабули вазифаи намояндаи аввали махсуси Ҳукумати ИМА оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мусулмонӣ 15 сентябри соли 2009 қасам ёд карда буд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






