НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ДЕПАРТАМЕНТИ ДАВЛАТИИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН

Июль 30, 2010 12:06

Душанбе, 30  июл. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Имрӯз  сафари намояндаи  махсуси  Департаменти  Давлатии  ИМА   оид ба  муносибат бо  ҷамъиятҳои мусулмонон  Фараҳ Пандит дар Тоҷикистон анҷом ёфт. Намояндаи  махсуси   Департаменти  Давлатии ИМА   25 июл  бо сафари  5- рӯза  ба Тоҷикистон омада буд. Зимни сафари хеш  Фараҳ Пандит  бо донишҷӯён, аъзои  ҳукумат,  намояндагони   ташкилоти   ғайридавлатӣ, ҳамчунин бо  сарварони  иттиҳодияву ҷамъиятҳои  динӣ  дар  шаҳрҳои  Душанбе,   Хоруғ, Хуҷанд  вохӯрд. Мақсади сафари  Фараҳ Пандит  таҳкими муносибатҳои  дуҷониба бо  ҷамъиятҳои  шаҳрвандӣ,  роҳбарони давлатии Тоҷикистон ва  ҷустуҷӯи роҳҳои  нави ҳамкориҳои   судманди ба ҳар ду  ҷониб манфиатовар мебошад. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз сафорати  ИМА  дар Тоҷикистон  хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки  Фараҳ Пандит  барои қабули   вазифаи  намояндаи  аввали  махсуси  Ҳукумати  ИМА  оид ба  ҳамкорӣ бо  созмонҳои  мусулмонӣ  15 сентябри соли  2009 қасам ёд  карда буд.      

Июль 30, 2010 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид