НАРХИ РОҲКИРО ДАР ПОЙТАХТ БАЛАНД МЕГАРДАД

Июль 28, 2010 16:04

Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонии пойтахт то 25 % баланд хоҳад гашт», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Шералиев.  Мавсуф афзуд,  ки асосҳои иқтисодии ин масъаларо сохторҳои марбутаи пойтахт пурра баррасӣ карда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои  ваколатдори ҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд. Абдуҳомид Шералиев зикр кард, ки нархи тарифҳое, ки дар нақлиёт истифода мешаванд,   қариб 50 % боло рафтааст. Ба ғайр аз ин нархи сӯзишворӣ, нерӯи барқ баланд гардида, нархи қисмҳои эҳтиётӣ, хусусан автошина ва аккумулятор майл ба болоравӣ доранд.  Аз ин рӯ, баланд шудани нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии пойтахт аз эҳтимол дур нест. 

Июль 28, 2010 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд